Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд

Август 10, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон  хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади такмили донишу малакаи касбии кормандони китобхонаҳо, табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиён масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди фаъолияти китобхонаҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои китобдориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки китобхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои дастрасӣ ба иттилоъ нақши муҳим доранд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш масъалаи ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона ва роҳҳои ташкили хизматрасонии босифату муосир ба ин қишри ҷомеа баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён доир ба таҷрибаи кори муассисаҳои китобдорӣ, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили хизматрасонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар муҳокима оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навин, рушди фаъолияти китобхонаҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои китобдорӣ таклифу пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Гуфта шуд, ки татбиқи пешниҳодҳои манзуршуда метавонад ба боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ мусоидат намояд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Август 10, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид