Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 578 нафар довталабон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд, ки 260 нафарашон аз 12 то 17-сола ва 318 нафар аз 18 то 35- сола мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Даври дуюми озмун аз 22 то 30 июн доир гардида, дар он 2677 довталаб иштирок намуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 86 нафар, аз вилояти Хатлон 120 нафар, вилояти Суғд- 135 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 нафар соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид. Аз шаҳри Душанбе 138 нафар соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ гардид, ки 75 нафар аз 18 то 35-сола ва 57 нафар аз 12 то 17-сола мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






