Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати забонгустарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муаррифии мероси адабии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода осори Робиаи Балхӣ – нахустин бонуи порсигӯро ба 10 забони тадрисшавандаи донишгоҳ тарҷума ва бо номи «Каронанопадид» ба нашр расониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, тарҷумаи осори Робиаи Балхӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хати ниёгон ва узбекӣ анҷом дода шудааст.
Нашри ин осор дар доираи тадбирҳо марбут ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва бо мақсади муаррифии осори ин шоири маъруфи адабиёти тоҷику форс ба хонандагони давлатҳои гуногун таҳия гардидааст. Китоб барои густариши шинохти адабиёти классикии тоҷик ва муаррифии ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар таърихи адабиёти форсӣ дар фазои байналмилалӣ замина фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабию фарҳангии миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. 1050-солагии Робиаи Балхӣ низ ба Феҳристи бузургдоштҳои байналмилалии ЮНЕСКО барои солҳои 2026–2027 ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода давоми панҷ соли охир ба тарҷума ва нашри осори мондагори бузургони миллати тоҷик ба забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд.
Аз ҷумла, китоби арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ба ҳафт забони хориҷӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар айни замон тарҷумаи он ба дигар забонҳои тадрисшавандаи муассисаи таълимӣ идома дорад.
Ин иқдом дар роҳи муаррифии таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






