Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар озмун 15 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ширкатҳои технологӣ иштирок намуданд. Онҳо лоиҳаҳояшонро оид ба ташкили платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муаррифӣ карданд.
Комиссияи озмун пешниҳодҳои иштирокдоронро тибқи меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла сатҳи навоварӣ, асоснокии техникӣ, имконияти татбиқи амалӣ ва дурнамои тиҷоратикунонии лоиҳаҳо мавриди арзёбӣ қарор дод.
Тибқи натиҷаҳои баҳодиҳӣ, ҷойи якум насиби номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзуллоҷон Гуреззода гардид. Ба ҳама довталабони озмун барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар рушди муҳити инноватсионӣ раҳматномаҳои Агентӣ тақдим карда шуданд.
Баргузории чунин озмунҳо ба рушди экосистемаи инноватсионии кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқот, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва пешбурди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






