ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
РАШТ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намуд. Тибқи он дар ноҳия бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳи истеҳсолию корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати якуми июли соли 2026 шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт ба 29 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 11 адад зиёд мебошад. Давоми соли равон ба истифода додани 10 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегиранд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Иброз гардид, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 404 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 337 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудааст. Дар 67 иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор мегиранд.
Аз 404 иншооти нақшавӣ 66 иншоот ба соҳаи маориф, 17 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 13 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 38 иншоот ба соҳаи варзиш, 88 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ рост меояд. Инчунин 32 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, 7 бинои маъмурӣ, 7 бинои истиқоматии баландошёна, 8 пули мошингузар, 38 иншооти обтаъминкунӣ, 4 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ, 6 иншоот дар соҳаи барқтаъминкунӣ, 8 истгоҳ, 1 паноҳгоҳ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, ду гармхонаю сардхона, 2 ҳаммоми замонавӣ ва дигар иншооти гуногун бунёд карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз 337 иншооти баистифодадода 275 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, 10 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 8 иншоот бо саҳми бахши хусусӣ ва мақомоти иҷроия, 27 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва 17 иншоот аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардидаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






