Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»

Август 31, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумот, дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо  фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе.

Сарвари давлат Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро вазифадор намуданд, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

«Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»,–таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат ба масъалаи интихоби касби ояндаи ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, баён доштанд, ки инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳояшро амалӣ карда наметавонад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад.

Пешвои миллат бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки аксари ҷавонон мехоҳанд ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос. Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас амалӣ мегардад.

Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи таҳсилот супориш доданд, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид