Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Сохтмони бино бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.
Бинои нави хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.
Талаб карда шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити фаъолият ва мукаммалсозии инфрасохтор ба кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






