Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Август 26, 2026 10:17

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.

Дар ин 3 корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.

Иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағири ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди грин голд дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд.

Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноат дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Технологияи корхона барои истеҳсоли маҳсулоти босифат нигаронида шуда, дар шароити вусъати созандагиҳо ҷиҳати дастраси бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.

Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҳоло 41 субъэкт ба қайд гирифта шудааст, ки 15 тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва 5 тои дигар ба хизматрасонӣ машғуланд. Боқимонда бошад дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохмтон қарор доранд.

Танҳо 7 моҳи соли 2026 ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара 90 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, 140 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, зиёдшавии тавлиди маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нав, насби технологияи муосир ва дар ҳамин замина рушди фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати васеъшавии имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бозор, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 26.08.2026

Август 26, 2026 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд