Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд

Август 26, 2026 13:06

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабии «Зирамоҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистон ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба истифода доданд.

Бинои нав барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 13 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳои иловагӣ асосан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ сохта шудаанд. Дар муассиса 17 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ имкониятҳои муассисаро васеъ намуда, барои таҳсили хонандагон дар шароити муносиб заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ аз ҳолати роҳҳои ҳудуди деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои ҳудуди деҳа ба масофаи 8 километр мумфарш карда шудаанд.

Дар идома ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бинои хобгоҳ барои омӯзгорон, Қасри фарҳанг ва Маҷмааи варзиш, ки аз меҳмонхона, ошхона, ҳуҷраҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол волейбол ва баскетбол сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Бинои хобгоҳ аз панҷ ошёна иборат буда, барои истиқомати 9 оила пешбинӣ шудааст. Бунёди он барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву маишии омӯзгорон ва таъмини онҳо бо манзили зисти муносиб равона гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароит барои ҷалби мутахассисони соҳаи маориф ва фаъолияти самараноки онҳо дар маҳал заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Қасри фарҳанг дар қисмати болоии деҳа сохта шуда, дорои толор бо 500 ҷойи нишаст, 8 ҳуҷраи корӣ ва китобхона хоҳад буд. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзиш, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.

Иншооти мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, барои баргузории машғулиятҳо ва чорабиниҳои варзишӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд.

Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки бинои хобгоҳи омӯзгорон ва Қасри фарҳанг дар муҳлати як сол ва Маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар ду соли оянда бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шаванд.

Татбиқи ин лоиҳаҳо ва идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак ба рушди инфрасохтори маҳал, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 24 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҷумла, се муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1000 кӯдак, чор корхонаи истеҳсолӣ бо 63 ҷойи корӣ, панҷ хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон, маркази хизматрасонӣ, пули мошингузар дар деҳаи Сафедоб, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1620 хонанда дар ду баст, хатти оби нӯшокӣ барои 531 хоҷагӣ, қасри фарҳанг ва ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, 16 километр роҳи дохили деҳаи Сафедоб, 8 километр роҳи ҳудуди деҳаи Ғиҷовак ва бинои иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба истифода дода шуд.

Бо ташаббуси соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия дар маҷмӯъ 58 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмиру мумфарш карда шуд.

Ифтитоҳи фосилавии ду иншоот ва муаррифии лоиҳаҳои се иншоот дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара 26.08.2026

Август 26, 2026 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст