Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Сиддиқзода бо сифати баланд ва тарҳи меъмории муосир бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тозабунёд барои 260 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 10 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 10 парастори ботаҷриба бо бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд. Омӯзиш дар он бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, сурат мегирад. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 30 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.
Саҳни биноро гулҳои рангоранг, айвонҳо барои гузаронидани машғулиятҳо дар ҳавои тоза, инчунин дигар таҷҳизоти зарурӣ, зебу зиннат додааст.
Роҳрав ва дигар деворҳои муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистони замонавӣ барои дар деҳот муҳайё намудани чунин имконот ба соҳибкори ҳимматбаланд изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобхонаи хуштарҳу муосир, ки дар паҳлуи муассиса сохта шудааст, оғоз бахшиданд.
Иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи тақвияти дониш ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусалом Умарзода бунёд ёфтааст.
Китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 10 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар қисми алоҳидаи китохбона гӯшаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил шудааст, ки дар он ҳамаи адабиёти зарурӣ барои дӯстдорони китоб маҳфуз аст.
Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд. Дар китобхона 8 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати соҳибкор, барои ташкили чунин пойгоҳи илму дониш баҳои хуб дода, иқдоми мазкурро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.









Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд






