Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд

Август 26, 2026 08:49

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.

Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.

Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.

Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон 26.08.2026

Август 26, 2026 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд