Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд

Август 31, 2026 09:02

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Иншооти нави соҳаи маориф аз 5 қисм иборат буда, бунёди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонони 3 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар дар шароити муосир ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 аз 130 синфхона ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат аст, ки аз ин, дар 10 синфхона хонандагон ба омӯзиши фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, тайёрии ҳарбӣ ва таълими меҳнат фаро гирифта мешаванд. Тадбирандешиҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва татбиқи намунавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пойтахти кишвар шароити намунавӣ таъмин гардад.

Дар синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон ва духтарон насли наврас аз хурдӣ дар баробари илму дониш, ҳамзамон касбу ҳунар меомӯзанд, ки ин дар давраи дучандшавии талабот ба мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат ба ташаккули ҳунармандӣ дар байни ҷавонон боис мегардад.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 дорои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона бо 290 курсӣ, толори варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 иқдомҳои шаҳрдориро дар самти бунёди биноҳои таълимӣ ва дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани наврасон намунавӣ арзёбӣ карда, инро ҷиҳати ба камол расондани насли донишманду хештаншинос ва мутахассисони баландихтисос басо муҳим арзёбӣ карданд.

Сохтмони иншооти нави соҳаи маориф аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомонтаъминот бо ҷалби мутахассисони маҳаллию истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ анҷом дода шудааст.

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ туҳфаи арзишманди маънавӣ номида шуд. Дар саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва сафороӣ барои дарсҳои омодагии ҳарбӣ бунёд гардида, саҳни муассиса чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 барои 2400 хонанда дар ду баст ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 31.08.2026

Август 31, 2026 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд