Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад.
Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.
Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст.
Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад.
Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара дар масоҳати 5 ҳазору 500 метри мураббаъ ҷойгир буда, имкониятҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва варзиширо дар як маҷмаа муттаҳид менамояд.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шаҳодати идомаи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба рушди инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард.
Дар сохтмон ва ороиши он унсурҳои хоси меъмории таърихӣ ба назар гирифта шуда, ҳамзамон барои истифодаи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки дар бозори дохилӣ талабот ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардида, вобастагӣ аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш дода шавад.
Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди корхона 9 коргоҳи истеҳсолӣ ва биноҳои ёрирасон бо масоҳати умумии беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир мебошанд.
Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар масоҳати 3 ҳазору 897 метри мураббаъ сохта шудааст.
Дар ин ҷо намудҳои гуногуни часпак барои кошин, санги мармар, сафол, гранити керамикӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар маҷмуъ 60 номгӯйи маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол гардад.
Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт. Дар раванди сохтмони иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст.
Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, имкони истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулотро дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 80 килограмм донаи офтобпараст, 50 килограмм картошкаи хушк ва 50 килограмм ҷуворимаккаро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад.
Баъди бунёди иншоот 1034 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд






