Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд

Август 26, 2026 09:36

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.

Дар бинои нозироти андози шаҳр барои фаъолияти 15 нафар корманд шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум ҳамкории зич ва муомилаи хуб дошта бошанд.

Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.

Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сохтмони бино бо саҳми сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд амалӣ гардидааст.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи имрӯза барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла биология, математика ва технологияи иттилоотӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои осоишгоҳ барои 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ барои истироҳату табобат шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Дар атрофи  осоишгоҳ  майдони теннису баскетбол, ҳавзи шиноварӣ бо атраксионҳо, майдони бозии кӯдакон, фароғати калонсолон ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба бунёди иншоот супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар ҳифзи солимии аҳолӣ, хоса кӯдакон, нақши назаррас хоҳад гузошт.

Ифтитоҳи фосилавии бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Левакант 26.08.2026

Август 26, 2026 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад