Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд

Август 14, 2026 11:41

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.

Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад.

Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.

Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии боғи Сомон зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд.

Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии деҳқонии боғи Сомон ҷараён дорад. Бо ин мақсад ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ асосан ангури навъҳои шоҳона, президент, аватар ва кардинал шинонида мешавад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгорони зиёд доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, риояи нозукиҳои парвариш, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва афзунсозии имкониятҳои содиротӣ ҷалб карданд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъоварӣ мекунанд.

Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии боғи Сомон то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026-2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад.

Танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст.

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ миёни илму истеҳсолот, мукаммалшавии таҷрибаи меҳнаткашон, муосиргардонии раванди кишту парвариши зироат боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардид.

Танҳо дар 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати муосиргардонии раванди истеҳсолот дар майдони 67,4 гектар гармхона бунёд гардида, имрӯз майдони умумии онҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 84 гектар расидааст.

Ҳоло дар 4 фасли сол раванди кишту парвариши сабзавот таъмин аст, ки натиҷаҳо дар ин самт ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва қонеъгардонии талаботи бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои зимистону баҳор мусоидат кардааст.

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати содироти маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ дар анбору сардхонаҳо, дар як сол аз замин гирифтани 3 -4 ҳосил ба масъулину кишоварзони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳо доданд.

Пешниҳоди маҳсулот дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо таҷассумгари меҳнатдӯстии сокинони ин диёри зархез ва фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ буда, амалишавии намунавии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти ғизоӣ собит мекунад.

Август 14, 2026 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд