Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот намуда, бо натиҷагирии вазъи корҳо дар иншооти аср барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифаҳои нав гузоштанд. Сарвари давлат ҳамзамон иброз доштанд, ки «ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони неругоҳи «Роғун» эътимоди комил дорам».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки тамоми корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» бояд бо риояи қатъии талаботи сифат, истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро дар мадди аввал ба масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии бинокорон, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ ва риояи қатъии талаботи бехатарии истеҳсолот ҷалб намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин иншооти саноатиро аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон номиданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «бо бунёд кардану ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






