Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи маориф дастур доданд, ки барои аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии узбекӣ бунёд намуда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд.
Сарвари давлат зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и шаҳр ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва омӯзгорон даъват намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ омӯзгоронро ба рушди илмҳои муосир, истифодаи самараноки техника ва технологияҳои нав, инчунин омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18 ҳазору 200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, 1 иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хизматрасонӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои масъулин, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 78 ҳазору 863 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду ба истифода додани 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






