Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»

Август 21, 2026 11:17

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Бо бунёд кардану ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем. Ин матлабро Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Роғун зимни мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва аснои таҳлили вазъи маблағгузории лоиҳаи бузурги бунёди неругоҳ баён намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалию дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2025 ба сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмуъ 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд.

Соли 2026 тибқи нақша барои сохтмон 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф карда шудааст.

Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон барои корҳои сохтмону барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 адад расонида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 21, 2026 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд