Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш доданд, ки дар муддати се моҳ тадбирҳоро барои фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда, оид ба роҳҳои ҳалли он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.
Зеро, ба таъкиди Сарвари давлат, зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд.
«Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст.
Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд»,-изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат.
Ба таъкиди Пешвои миллат, кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем, ки нисбат ба масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошем.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
«Онҳо бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо идеяҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳм гузоранд.
Бо назардошти чунин воқеият бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд»,-афзуданд Президенти Тоҷикистон.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда гардидааст. Аллакай, якчанд давлати мутараққӣ истифодаи телефонҳоро барои хонандагони то 16-сола дар шаклҳои гуногун манъ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар Қазоқистон лоиҳаи қонуне пешбарӣ гардид, ки сабти номи корбарони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад.
Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин иқдом аз ҷониби ҳукуматҳои Озарбойҷон ва Арманистон низ баррасӣ мешавад.
Аз 28 марти соли 2026 март Индонезия сабти номи кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намудааст. Инро вазири коммуникатсия ва технологияҳои рақамии Индонезия Меутя Ҳафид эълон кард.
Пас аз нашри дастурамал оид ба истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои Англия ҳукумати Британияи Кабир чораҳои иловагиро барои ҳифзи ҷавонони бритониёӣ аз таъсири ин дастгоҳҳо баррасӣ дорад. Ин пешниҳодҳо, аз ҷумла, манъи фурӯши телефонҳои мобилӣ ба кӯдакони то 16-соларо дар бар мегиранд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ» таҳия шудааст. Ин лоиҳаи қонун манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои афроди то 16-сола пешбинӣ мекунад.
Дар Шветсия дар байни 3500 хонандаи 37 мактаб таҳқиқот анҷом дода шуд. Он маълум намуд, ки манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо ба саломатӣ ва рафтори хонандагон ҳатто берун аз ҳудуди мактаб низ таъсири мусбат мерасонад.
Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон низ чораҳои маҳдудкунандаи дигар амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст.
Инчунин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон овардан ё истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.
Зеро коршиносону таҳлилгарони мустақили созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ дар гузоришҳо борҳо таъкид намудаанд, ки телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ диққати хонандагонро парешон карда, ба таҳсили онҳо халал мерасонанд.
Тибқи тавсияи олимони соҳаи тиб, агар телефони мобилӣ воситаи омӯзиш ва иртибот бошад, истифодаи бармаҳал ва бемаҳдуди он ба саломатӣ ва рушди равонии кӯдакон таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷомеа, махсусан волидайн ва омӯзгорон дар бораи зарарҳои эҳтимолии он дониши кофӣ дошта бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






