Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд

Август 20, 2026 09:25

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи асри 21 мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти нав дар шаҳраки Оби Гарм аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Бинои осоишгоҳ дорои ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, ҳавзҳои оби шифобахш, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои қабули то 40 истироҳаткунанда дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар раванди сохтмон 21 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дар деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бинои нави Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.

Бино дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва 19 ҳуҷраи истироҳатӣ мебошад.

Ҳоло техникаи роҳнигоҳдорӣ тавассути GPS назорат шуда, дар ояндаи наздик муассиса ба низоми рақамӣ пайваст хоҳад гардид.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 2 иншоот дар шаҳри Роғун 20.08.2026

Август 20, 2026 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд