ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, мерасонад, ки баъди гирифтани патент риояи талаботи қонунгузорӣ ҳатмӣ мебошад. Иҷро накардани ин талабот метавонад боиси бекор шудани патент ва татбиқи чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла хориҷсозӣ (депортатсия) гардад.
Тибқи иттилои намояндагӣ, барои нигоҳ доштани эътибори патент ва идомаи фаъолияти қонунии меҳнатӣ муҳоҷирон бояд якчанд уҳдадориҳоро иҷро намоянд.
Аз ҷумла, корфармо вазифадор аст мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро дар бораи ба кор қабул намудан ё қатъи шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷир дар муҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ огоҳ созад.
Ҳамзамон худи муҳоҷир низ уҳдадор аст дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатии худ огоҳ намояд.
Барои ин пешниҳод намудани огоҳиномаи муқарраршуда ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Дар ҳолати қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муҳлати 15 рӯзи корӣ ҷойи кори нав пайдо намуда, шартномаи нав ба имзо расонад. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси бекор шудани патент ва татбиқи чораҳои маъмурӣ гардад.
Намояндагӣ таъкид менамояд, ки риояи саривақтии талаботи қонунгузории Федератсияи Русия, дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва нигоҳ доштани санадҳои тасдиқкунанда барои фаъолияти қонунии меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим мебошад.
Ба муҳоҷирон тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои давлати қабулкунандаро ҷиддан риоя намуда, ҳуҷҷатҳои худро сари вақт ва дуруст ба расмият дароранд.
Барои огоҳ намудани мақомоти дахлдор пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
–варақаи пуркардашудаи огоҳинома;
–нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ.
Огоҳнома чӣ тавр пешниҳод карда мешавад?
Тавассути портали «Хизматрасониҳои давлатӣ» (Госуслуги)
Ин усул роҳи зудтарин барои ирсоли огоҳинома мебошад. Барои ин зарур аст:
–ба утоқи шахсии тасдиқшуда ворид шавед;
–шакли электронии огоҳиномаро бо маълумоти шиноснома, патент ва корфармо пур намоед;
–нусха ё акси босифати шартномаи меҳнатиро замима кунед;
–дархостро ирсол намоед.
Тасдиқи қабули огоҳинома аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия давоми як рӯзи корӣ ба утоқи шахсии рақамии довталаб фиристода мешавад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ шумо метавонед бо намояндагӣ тамос гиред:
–ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44
–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;
–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
–роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
–роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ






