ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ДУШАНБЕ, 08.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, мерасонад, ки рӯйхати шахсони назоратшаванда дар низоми худкор амал намуда, маълумоти он ҳар чор соат бо назардошти иттилооти навшуда оид ба шаҳрвандони хориҷӣ иваз карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин намояндагӣ хабар доданд, шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид карда шаванд:
–муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия;
–гирифтан, тағйир ё бекор гардидани мақоми муҳоҷиратӣ;
– мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд;
– қарорҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи суд, аз ҷумла ҳукмҳои айбдоркунанда, қарорҳо дар бораи ихроҷ, берункунӣ, номатлуб эътироф намудани будубош, манъи воридшавӣ ва ё қатъ гардидани шаҳрвандӣ.
Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳолатҳое ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ё мақоми ҳуқуқии онҳо бекор гардида бошад.
Шаҳрвандон метавонанд мустақилона ва ройгон тавассути портали Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия (пайванд: https://мвд.рф/rkl ) санҷанд, ки оё номи онҳо дар рӯйхати шахсони назоратшаванда ҳаст ё не. Барои ин ворид намудани маълумоти зерин зарур мебошад:
–ному насаб;
–санаи таваллуд (рӯз, моҳ, сол);
–силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
–санаи додани ҳуҷҷат.
Намояндагӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки мунтазам вазъи ҳуқуқии худро назорат намуда, талаботи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русияро қатъиян риоя намоянд. Ин амал барои пешгирӣ аз ворид шудан ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ва оқибатҳои ҳуқуқии марбут ба он мусоидат мекунад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;
–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ prmstj@mail.ru.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират








СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд






