ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?

Август 25, 2026 13:39

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2026 тибқи тағйироти қонунгузории Федератсияи Русия, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати беш  аз 90 рӯз ба ин мамлакат ворид мешаванд, бояд давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бо кадом мақсад гузаронида мешавад?

— Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд, муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Русия гузаронида мешавад.

Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Русия ворид карда мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Русияро огоҳ менамояд.

Аз ин рӯ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии ин давлатро риоя намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

– ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Русия;

– ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ;

– дар ҳолати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ.

Инчунин барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.

Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;

–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;

–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;

–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;

–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ prmstj@mail.ru.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

Август 25, 2026 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд