Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи кӯдакон рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ дастовардҳои ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод дар самтҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар доираи барнома меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва офаридаҳои косибони маҳаллӣ дидан намуда, ба санъати волои сокинони ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод баҳои баланд доданд. Ҳамчунин барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳо пешниҳоди тамошобинон гардида, фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиро тақвият бахшид.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имконоти фарҳангӣ, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллати тоҷик доир мегарданд.
Ноҳияи Тоҷикобод ҳамсоли соҳибистиқлолии мамлакат аст, яъне соли 1991 таъсис ёфтааст. Қаблан ин мавзеъ дар ҳудуди ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ду ҷамоати деҳотро ташкил медод. Бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он имрӯз на танҳо ба як ноҳияи мустақил табдил ёфтааст, балки бо манзараҳои дилошӯбу биноҳои навбунёдаш симои як шаҳри замонавиро гирифтааст. Барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия боз беш аз 120 иншоот бунёд хоҳад ёфт. Дар натиҷаи амалӣ намудани бандҳои нақшаи истиқболи ин ҷашни миллӣ 122 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.
Ноҳияи Нуробод аз тарафи шимол бо шаҳри Ваҳдат, аз ҷануб бо ноҳияи Сангвору Муъминобод ҳаммарз мебошад. Масофа аз шаҳри Душанбе то шаҳраки Дарбанд 153 км-ро дар бар мегирад. Ин ноҳия як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистон аст. Ин ноҳия бо ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулолаш машҳур аст. Дар қаламрави ноҳия 1500 чашмаи зулолу шифобахши мавҷуд аст. Дар ҳудуди ноҳия қалъаву ёдгориҳои таърихии кашфнашуда хеле бисёранд, ки метавонанд дар ояндаи наздик ин диёрро чун мавзеи хуби сайёҳиву ҷаҳонгардӣ муаррифӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»









































































Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






