Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд

Август 2, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи кӯдакон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки васеи сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғании ноҳияи Балҷувон буда, диққати меҳмононро ҷалб намуд.

Иброз шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконият ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт сатҳу сифат ва тарҳи намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон писанд омад.  Инчунин сокинони пойтахт аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дастранҷи деҳқонони ноҳияро бо нархҳои дастрас хариданд.

Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ манзури меҳмонон гардид. Суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Ноҳияи Балҷувон давоми ҳазорсолаҳо макони мардуми ориёӣ будааст. Ноҳия дар мавқеи хуби ҷуғрофӣ ҷойгир буда, дар ҳама фасли сол иқлими салқину муътадил дорад. Ҳоло шумораи умумии аҳолӣ дар ноҳия 31 ҳазору 254 нафарро ташкил дода, аз 5 ҷамоат ва 104 деҳа иборат аст.

Дар ҳақиқат Балҷувонро ноҳияи рӯдҳои кӯҳиву чашмаҳои мусаффо ва дашту даманҳои сарсабз гуфтан мумкин аст. Чунки тамоми талу теппаҳояш алафзор буда, дарахтонаш ҳамеша сарсабзанд. Заминҳои Балҷувон асосан барои кишту зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ хеле мувофиқ буда, чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои рушдёфтаи ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар қаламрави ноҳия инчунин манбаъҳои фаровони об ва дигар неъматҳои бебаҳои табиӣ, аз ҷумла 200 чашмаи шифобахш, шаршараҳои Пушти Боғи Камолӣ, Сафедоб, обҳои шифобахши «Гӯгирд», «Қалъача», «Булғурӣ», «Шулук», чашмаи «Касхоҳ», «Ҳибил», рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Оби Тира, Дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, дар маҷмуъ, намудҳои нодири ҳайвонот, растаниҳои доруворӣ ва навъҳои азимҷуссаи дарахтони «Шинг» дар деҳаи Шингидара ва чанори ҷувоздор дар деҳаи Даштарҳо мавҷуданд, ки нишони табиати воқеан зебову афсонавии Балҷувон ва деҳоти он мебошанд.

Дар ноҳияи Балҷувон касбу ҳунарҳои мардумии қадимаву имрӯза,  аз ҷумла табақтарошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайра маъмул мебошанд. Инчунин занону духтарони ҳунарманди ноҳия ба ҳунарҳои зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, чодардӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ машғул буда, ҳар гуна армуғон барои сайёҳон омода месозанд. Хӯрокҳои маъмул дар ноҳия оши бурида, атола, оши палов, шакароб, рубич, фатирмаска, тутпиз, ширбиринҷ, ширруған, таҳмол, қалама, қурутоб ва амсоли инҳо мебошанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад