Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангии сокинони ноҳияи Ховалинг аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ шинос шуда, ба маҳорати ҳунармандон, сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва фарҳанги волои сокинони ноҳияи Ховалинг баҳои баланд доданд. Чунин иқдом дар муаррифии имконияти иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Душанбе имконият ба вуҷуд овард, то дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ гардида, анъанаҳои неки миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва заҳмати созандаи мардуми онҳо бештар тарғиб карда шаванд.
Бояд гуфт, ки Ховалинг як гӯшаи хушобу ҳавои Тоҷикистон аст. Аз рӯи таҳқикоти олимони бостоншинос Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, шоҳроҳи Абрешим аз он мегузаштааст. Сарзамини Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин диёри тоҷикон таърихи якмиллионсоларо маҳфуз медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат мекунад.
Иқлими Ховалинг субтропикӣ буда, ҳарорати миёнаи ҳавои фасли тобистон аз 30 то 35 дараҷа гарм ва замистон то 15 дараҷа хунук мешавад. Ховалинг диёри офтобию хушманзар буда, дар чор фасли сол табиати зебо ва дилкаш дорад. Ҳамин аст, ки забоншиносону муаррихон вожаи Ховалингро «Хварамунка», яъне Мунки офтобӣ маънидод намудаанд.
Дар ноҳия мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ хеле зиёданд. Ҳусни манзараву боғистонҳо, чашмасорон, шукуҳи Чилчанор, Мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, мавзеи чашмаи Қазаған, чашмаи Сурхсақова, манзараҳои нотакрору дилфиреби Дашти мешу Уштурча (дар ин мавзеъ баҳор қариб як моҳ дертар аз Ховалинг меояд) ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи гардишгаронро бештар ҷалб менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ






































Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






