Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид

Август 8, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дасташонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. 3 марти соли 2016 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Шурообод ба Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд.

Ин ноҳия бо бештар бо оромгоҳҳои шахсиятҳои бузурги таърихиву ирфонӣ, аз ҷумла оромгоҳи Домулло Баҳодур, мазори Абумуслим, (мансуб ба Абумуслими Хуросонӣ), Искӯлоб (шаҳри қадимаи Кӯлоб бо ин ном ёд мешавад), Санги Чил, Ҳоҷӣ Раҳматулло, ва дигарон шуҳрат дорад. Дар ноҳия касбу ҳунарҳои зиёде дар ҳоли рушд қарор доранд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд