Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози қисми тантанавӣ меҳмонон ва сокинони пойтахт аз намоиши дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуда, бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳангӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар ин рӯз ба меҳмонон оид ба таърихи куҳан, имконияти сайёҳӣ ва рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Иброз гардид, ки вилояти Хатлон ҳамчун яке аз марказҳои муҳими таърихию фарҳангии мамлакат имрӯз бо дастгирии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо рушд намуда, дар вилоят барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстона ва барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Вилояти Хатлон дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 декабри соли 1992 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд. Вилоят дар айни замон аз 4 шаҳр, 24 ноҳия ва 133 ҷамоат иборат мебошад.
Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят заминаҳои мустаҳками рушди босубот ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ фароҳам оварда шуданд. Хатлон ҳамчун яке аз вилоятҳои калонтарин ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ муҳими мамлакат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзанда мегузорад.
То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии вилояти Хатлон ба 3 миллиону 878,9 ҳазор нафар расидааст. Аз ин шумора 715,9 ҳазор нафар аҳолии шаҳр ва 3 миллиону 163,0 ҳазор нафар аҳолии деҳот мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёду навсозии 6260 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
То 1 июли соли 2026 шумораи иншооти сохташуда ва аз таъмири асосӣ баровардашуда, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба истифода қабул гардидаанд, ба 7706 адад расида, иҷрои нақша 123,1 фоизро ташкил додааст. Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 5010 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Вилояти Хатлон дар рушди иқтисоди миллии мамлакат нақши муассир дорад. Рушди ҳамзамони инфрасохтор, саноат ва кишоварзӣ барои таҳкими иқтидори иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»





















































«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






