Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт

Август 29, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт рақамикунонии соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад, дар мулоқот раванди иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) баррасӣ шуд.

Таъкид шуд, ки амалӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар зерсохторҳои сарҳадӣ ва нақлиётӣ ба баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти воридотиву содиротӣ ва беҳтар кардани шаффофияти кор мусоидат менамояд.

Ба кормандони раёсат барои фаъол намудани хизматрасониҳои электронӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд