«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд

Август 28, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд зимни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» 12 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 966 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо мақсади фароҳам овардани майдони муколамаи байналмилалӣ барои баррасии нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамгироии онҳо ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиш ва ташаккули муҳити устувори сармоягузорӣ бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва UNIDO баргузор гардид.

Иштирокчиён бо намоиши маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва молҳои маҳаллии вилояти Суғд шинос шуданд. Зимни форум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҷалби сармояи босифат, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда, таъсиси ҷойи нави кор, тавсеаи содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудааст.

Якчанд ислоҳоти назаррас дар самти такмили қонунгузорӣ барои фароҳам овардани гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба модели нави идоракунӣ, коҳиш додани пардохти солонаи истифодаи замин, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, гузариш ба низоми комплексӣ, дароз намудани муҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ба роҳ мондани онлайн-феҳристи маҳсулот ва қабули тартиби амалишавии принсипи «Равзанаи ягона» барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ гардиданд. Ин иқдомҳо ба коҳиши вақт ва хароҷоти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии мамлакат 123 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози фаъолият дар ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ 2196 ҷойи кор таъсис дода шуд. Инчунин қариб 2,7 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб ва беш аз 4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз 18 намуд дар соли 2015 ба зиёда аз 100 намуд дар соли 2025 расонида шуд. Маҳсулотҳо ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Олмон, Ироқ, Туркия, Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо содирот мешаванд.

Дар охир беҳтарин истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони фаъоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд