Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд

Август 15, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои шаҳри Шерози Эрон дар меҳвари мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Убайдулло Асрорзода ташрифи Раиси шаҳри Шероз Муҳаммад Ҳасан Асадиро ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омили муҳими таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд арзёбӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самтҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ, табодули академӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташкили робитаҳои мустақими Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотии шаҳри Шероз, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва баргузории чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ зоҳир гардид.

Мусоҳибон имконоти истифодаи иқтидори илмӣ ва таълимии Донишгоҳро дар самти рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи ташаббусҳои муштараки инноватсионӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳкими робитаҳои мустақим, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки барои ҳарду ҷониб судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Раиси шаҳри Шероз инчунин бо пойгоҳи моддию техникӣ ва имконияти муосири таълимию илмии донишгоҳ, аз ҷумла шароити мавҷуда барои омода намудани кадрҳои баландихтисос шинос шуда, ба сатҳи инфрасохтор, раванди таълим ва имконияти ҷойдошта баҳои баланд дод.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Август 15, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид