Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Август 14, 2026 11:21

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёд, мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои таърихии халқи тоҷик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил гардида, онҳо аз толорҳои гуногуни намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Зимни боздид ба меҳмонон намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, ёдгориҳои нодири моддӣ ва дигар осори гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик муаррифӣ гардиданд.

Меҳмонон ҳамчунин бо марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангию илмӣ ва саҳми халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ шинос шуданд.

Тамошои толорҳои намоишӣ барои меҳмонон имконият фароҳам овард, ки бо таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик ва фарҳанги ғании он аз наздик шинос гарданд.

Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ аз сатҳи баланди ташкили намоишгоҳҳо ва муҳтавои ғании онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти неки худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.

Бояд гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва шаҳри Шерози Эрон бародаршаҳр мебошанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 14, 2026 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид