РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 5 ихтисоси нав таъсис медиҳад. Аз ҷумла, ихтисоси таҳсилоти ибтидоии омӯзгори мусиқӣ, артменеҷмент, иқтисодиёт дар соҳаи фарҳанг ва дигар ихтисосҳо. Дар ин хусус 3 август зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Маҳмуд Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Инчунин дар донишкада барои рушди малакаҳои касбии донишҷӯён даврҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, даври омӯзишии кӯтоҳмуддат барои блогерон, ки он арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳангиро дар бар мегирад.
«Тавассути ин даври омӯзишӣ блогерон дар сабту наворҳои худ бояд урфу одатҳои миллии тоҷикӣ, меъёрҳои забони давлатӣ ва ахлоқиро риоя намоянд», — афзуд ректори донишкада.
Ба иттилои роҳбарияти донишкада, дар соли таҳсили 2025–2026 дар маҷмуъ 297 донишҷӯ, аз ҷумла 158 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 139 нафар дар шуъбаи ғоибона донишкадаро хатм намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон довталабон аз рӯи 29 ихтисос дар бахшҳои рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






