РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар панҷ соли охир шумораи корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ аз 43 ба 191 адад расонида шуд. Дар ин давра зиёда аз 160 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд карда шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ соли 2025 ба 336,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 ду маротиба бештар мебошад.
Инчунин барои рушди саноат дар «Барномаи рушди вилоят барои солҳои 2026-2030» ба истифода додани 52 лоиҳа бо маблағи умумии 3368,4 миллион сомонӣ, ки ба истихроҷ ва коркарди масолеҳи маҳаллӣ равона гардидаанд, дар назар дошта шудааст. Дар ин замина зиёда аз 1500 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар панҷ соли охир ба 336,5 миллион сомонӣ расонида шуд. Гардиши умумии мол аз 151,2 миллион сомонии соли 2020 ба 293,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин 1,9 маротиба зиёд мебошад.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят ба 278,1 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2015 (13,1) 20 маротиба зиёд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо шарофати сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва иштироки фаъол дар равандҳои иқтисодии миллӣ ва байналмилалӣ қадам мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






