РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад

Август 21, 2026 14:36

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар соли 1991 дар вилояти Хатлон 75 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард,  соли 2025 шумораи он ба 912 адад расид. Чунин иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Салоҳиддин Ватанзода.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медод, пас он соли 2025 ба 13 миллиарду 980 миллион сомонӣ расидааст.

Дар сохтори саноати вилояти Хатлон рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук мавқеи муҳим дорад. То соли 2026 дар вилоят 78 корхона ва коргоҳи пахтатозакунӣ, 31 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ ва 6 корхонаи ресандагӣ фаъолият намуда истодааст. Ин корхонаҳо дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ саҳми назаррас доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки то соли 2026 дар вилояти Хатлон 19 миллиарду 790,2 миллион киловатт-соат неруи барқ, 3086,4 ҳазор тонна семент ва 91,2 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст.

Саноат дар сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти калидӣ дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 21, 2026 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд