РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун манбаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, балки ҳамчун асоси зиндагии мардум ташаккул ёфт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба ташаккули ин соҳа, баланд бардоштани хусусияти рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои он бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чӣ тадбирҳо бояд андешид, то ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёбад?
Нигина Анварӣ: Яке аз вазифаи асосии соҳаи кишоварзӣ таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо барои рушду ташаккули соҳаи кишоварзӣ, истифодаи замин, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани хусусияти рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, амалигардонии маҷмуи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии зироати кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешиданд. Инчунин аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, амалӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, ташаккули корхонаҳои коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва ниҳоят замина гузоштан ба тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ татбиқ карда шуд.
Агар ба солҳои аввали истиқлолият назар кунем, мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ кам буд, бисёре аз маҳсулот аз хориҷи давлат ворид мешуданд ва низоми хоҷагидорӣ ҳанӯз ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ нашуда буд. Бо гузашти солҳо ва татбиқи ислоҳоти аграрӣ вазъият тадриҷан тағйир ёфта, шаклҳои нави хоҷагидорӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ ба миён омаданд. Деҳқонон имконият пайдо карданд, ки мустақилона кишт намоянд, истеҳсол кунанд ва маҳсулоташонро ба бозор бароранд. Ин омил боис гардид, ки ҳавасмандии мардум ба замин зиёд шуда, самаранокии истифодаи замин беҳтар гардад. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ сохтани моликият сабаби тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ гардид, ки дар натиҷа дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 186,4 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 3333 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳо амал менамоянд. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳо ба таври назаррас беҳтар гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, ки нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфт.
АМИТ «Ховар»: Кадом ислоҳот боиси рушди соҳаи кишоварзӣ гардид?
Нигина Анварӣ: Дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат заминҳоро ба аҳолии ҷумҳурӣ тақсим намуданд. Дар ин раванд таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ҳадафи стратегии мамлакат муайян гардид. Яке аз ислоҳоти муҳими соҳа дар ин давра тақсими 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошанд, ба аҳолии деҳот маҳсуб мешавад. Маҳз ҳамин иқдом дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки масъалаи таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ғизоӣ давра ба давра ҳал шавад.
Имрӯз соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст. Соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 1740,5 ҳазор тонна, пахта 392,6 ҳазор тонна, картошка 1332,5 ҳазор тонна, сабзавот 33 ҳазору 77,9 ҳазор тонна, полезӣ 1144,8 ҳазор тонна, мева 954,3 ҳазор тонна ва ангур 346,1 ҳазор тонна истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 1991 ғалладонагиҳо 6 маротиба, картошка 12,6 маротиба, сабзавот 10,5 маротиба, полезӣ 22,7 маротиба, мева 5,4 маротиба ва ангур 2,7 маротиба бештар аст. Инчунин саршумори чорвои калон 2890,9 ҳазор сарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 2,1 мартиба афзудааст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7464,1 ҳазор сар ва паранда 13077,7 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки мутаносибан 2,2 маротиба ва 2 маротиба зиёд мебошад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбат ба талаботи меъёрҳои физиологӣ баланд гардид. Дар ин давра истеҳсоли картошка 135,4 фоиз, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полезӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100 фоиз, гӯшт 104,1 фоиз, шир 100 фоиз ва тухм 74 фоиз таъмин гардида, таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар 85 фоизро ташкил дод.
Яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ табдили кишоварзӣ аз истеҳсоли одии ашёи хом ба низоми мукаммали агроозуқаворӣ мебошад. Ин низом имрӯз тамоми марҳилаҳо — аз истеҳсолу коркард то логистика ва фурӯши маҳсулоти ниҳоиро дар бар мегирад. Кластерҳои агросаноатӣ дар доираи татбиқи «Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳо то соли 2040» имкон доданд, ки занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ таҳким ёфта, фоидаи иқтисодии соҳа дар дохили мамлакат боқӣ монад. Ҳамчунин бунёди марказҳои логистикӣ ва анборҳои муосир барои нигоҳдории 1,4 миллион тонна маҳсулот имкон дод, ки низоми таъминоти озуқаворӣ дар тамоми фаслҳои сол устувор ва нархҳо дар бозори дохилӣ муътадил бошанд.
АМИТ «Ховар»: Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун минтақаи беназири таърихии кишоварзӣ чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
Нигина Анварӣ: Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист ганҷҳои нодири табиати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз ворид шудани ду шоҳкори соҳаи кишоварзии мо ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» — Globally Important Agriculture Heritage System — ин пирӯзии дипломатияи аграрӣ ва ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст.
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки дар олам бо ҷуссаи бузург ва тавоноии худ назир надорад, расман ҳамчун мероси генетикӣ ва фарҳангии башарият эътироф гардид. Ин зот, ки натиҷаи селексияи халқии бисёрсола мебошад, қобилияти беназири мутобиқшавӣ ба шароити душвори кӯҳистонро дорад. Ворид шудани ин зот ба мероси ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки гӯсфанди зоти ҳисорӣ акнун на танҳо моли Тоҷикистон, балки қисми ҷудонашавандаи амнияти биологии ҷаҳон ва намунаи олии донишҳои анъанавии заминдорӣ маҳсуб мешавад.
Ангури гулобӣ, ки бо накҳати мушкбор ва ранги нозуки худ дили ҳазорон нафарро дар саросари ҷаҳон тасхир кардааст, акнун ба қатори маҳсулоти нодири фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шуд. Ин навъи ангур рамзи меҳмоннавозӣ ва заҳмати деҳқонони мо буда, дар бозорҳои байналмилалӣ ҳамчун маҳсулоти беҳамтои экологӣ ва чун бренди миллӣ шинохта мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон кадом зироати кишоварзӣ бештар истеҳсол ва майдони кишти он васеъ гардидааст?
Нигина Анварӣ: Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат истеҳсоли зироати асосӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Масалан, гандум, ки ғизои асосии мардум ба шумор меравад, бештар истеҳсол мешавад ва қисми зиёди талаботи дохилиро қонеъ месозад. Истеҳсоли картошка, сабзавот, полезӣ, мева ва ангур низ сол аз сол афзуда, имрӯз дар бисёр минтақаҳои мамлакат навъҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол мешаванд. Аз ҷумла, шаҳри Турсунзода ба истеҳсоли ангур ва биринҷ, ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш бо истеҳсоли картошка, ноҳияҳои минтақаи Рашт бо истеҳсоли себу нок ва ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсулоти барвақтии зироати сабзавотӣ ва полезӣ дар мамлакат мавқеи муассир доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ майдони кишти зироати ғалладонагӣ 375 ҳазору 709 гектарро ташкил дода, дар 250 ҳазору 044 гектар гандум, дар 198 ҳазору 165 гектар зироати техникӣ, аз он 174 ҳазору 936 гектар пахта, дар 64 322 гектар картошка, дар 69 665 гектар сабзавот, аз он пиёз 22 780 гектар ва дар 22 754 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Соли 2025 тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1,7 миллион тонна ғалладонагиҳо истеҳсол карда шуданд, ки нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,4 миллион тонна ё 6 маротиба зиёд шудааст. Аз ҷумла, истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ ба 811 ҳазор тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 1991 662 ҳазор тонна ё 5,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳосилнокии зироати ғалладонагӣ (бе ҷуворимакка) ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ба 30,6 сентнер баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 17,8 сентнер зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка ба 1,3 миллион тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 1,2 миллион тонна ё 12,5 маротиба зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ба 267,5-сентнерӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 124,5 сентнер зиёд мебошад.
Барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 3,4 миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 3,0 миллион тонна ё 10,5 маротиба зиёд аст. Ҳамчунин 1,3 миллион тонна полезӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 1,2 миллион тонна ё 12,5 маротиба зиёд истеҳсол шудааст. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 954,3 ҳазор тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудаанд, ки нисбат ба соли 1991 истеҳсоли мева 777,5 ҳазор тонна ё 5,4 маротиба зиёд аст. Инчунин 346,1 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 225,1 ҳазор тонна ё 2,9 маротиба зиёд аст.
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 208 ҳазор гектар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»: Оид ба истифодаи самараноки замин аз ҷониби кишоварзон кадом таҷрибаҳои нав амалӣ гардиданд ва чӣ натиҷа доданд?
Нигина Анварӣ: Таҷрибаи истифодаи самараноки замин ба сатҳи нав баромада, кишти такрории зироат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати аграрии мамлакат табдил ёфт. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ дар майдони тақрибан 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад, ки ба деҳқонон имкон медиҳад дар як мавсим аз як қитъа ду маротиба ҳосил ба даст оваранд ва истифодаи захираҳои замин, об ва меҳнатро самараноктар намоянд. Дар ҳамин замина бо назардошти кишти асосӣ ва кишти такрорӣ ҳамасола дар беш аз 1 миллион гектар кишти зироати кишоварзӣ амалӣ мегардад, ки ин нишондиҳанда аз густариши воқеии иқтидори истеҳсолии соҳа шаҳодат медиҳад.
Афзоиши ҳосили иловагӣ аз ҳисоби кишти такрорӣ, аз як тараф ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро афзун менамояд ва аз ҷониби дигар, бори иловагӣ ба заминҳои навро коҳиш дода, ба ҳифзи заминҳои киштӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо мусоидат мекунад. Вобаста ба рушди кишти такрорӣ дар 200 ҳазор гектар замини такрорӣ имконияти таъсиси то 400 ҳазор ҷойи кори иловагӣ фароҳам оварда шуда, имрӯз аз ҳисоби кишти такрорӣ то 30 фоизи маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод мегардад. Ин саҳми мустақим дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани бозор бо маҳсулоти тару тоза ва устувории нархҳо давоми сол мебошад.
Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зимистон кишоварзони ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои доимамалкунандаю мавсимӣ дар 3000 гектар сабзавот кишт намуданд. Солҳои охир ин бахш дар ҷумҳурӣ соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, бо истифодаи технологияҳои муосир рушд меёбад. Ин аст, ки ҳамасола қариб 100 ҳазор тонна сабзавот ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод мегардад.
АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ кадом бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бештар рушд намудаанд?
Нигина Анварӣ: Дар баробари дигар бахшҳо чорводорӣ низ дар ин давра рушд намуд. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,9 миллион сар чорвои калон, аз он 1,5 миллион сар модагов, 29,7 ҳазор сар қутос, 7,5 миллион сар гӯсфанду буз, 96,8 ҳазор сар асп, 13,1 миллион сар паранда ва 260 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 1,5 миллион сар ё 2,1 баробар, аз он ҷумла модагов 950 ҳазор сар ё 2,6 маротиба, қутос 14,6 ҳазор сар ё 2 маротиба, гӯсфанду буз 4,1 миллион сар ё 2,2 маротиба, асп 44,2 ҳазор сар ё 1,8 маротиба, паранда 6,5 миллион сар ё 2 маротиба, занбӯри асал 198,5 ҳазор оила ё 4,2 маротиба зиёд гардидааст.
Дар баробари зиёд гардидани миқдори чорво дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гӯшт, шир ва асал зиёд шудааст. Имрӯз аксари аҳолӣ имконият дорад, ки маҳсулоти чорводориро аз истеҳсоли дохилӣ дастрас намояд. Дар ин росто истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда 454,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 1991 3,0 баробар зиёд шудааст, гӯшти паранда ба 51 ҳазор тонна расида, 3,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон истеҳсоли асал, тухм ва шир нисбат ба соли 1991 мутаносибан 6,5 баробар, 2,1 баробар ва 2 баробар зиёд шудааст.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи парандапарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, солҳои охир якчанд имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ намуд. Дар натиҷа шумораи корхонаи парандапарварӣ 11 маротиба афзоиш ёфта, аз 21 адади соли 1991 то ба 237 адад дар соли 2025 зиёд гардид.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти нодири ғизоию табобатӣ (асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, мум) ва соҳаи саноати дорусозӣ бо ашёи хом мавқеи муҳим дошта, сол аз сол рушди бемайлон меёбад. Соли 2025 3,8 ҳазор тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 1991 3,2 ҳазор тонна ё 6,5 маротиба зиёд аст.
Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 432 хоҷагӣ бо масоҳати умумии 76 257 гектар (аз он 73 342 гектар обанбор ва 2915 гектар ҳавзҳоянд), мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳо истифода бурда мешаванд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ соли 2025 истеҳсоли моҳии молӣ ба 5,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 2,2 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»: Оё содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор дорад?
Нигина Анварӣ: Имрӯз кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаест, ки барои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум аҳамияти калидӣ дорад. Дастовардҳое, ки дар ин самт ба даст омадаанд, натиҷаи меҳнати деҳқонон, дастгирии давлатӣ ва истифодаи оқилонаи замин мебошанд.
Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти он заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз ҳаҷми содирот ба 190,5 ҳазор тонна расида, арзиши он 79,2 миллион долларро ташкил додааст. Дар таркиби маҳсулоти содиротӣ пахта 30-35 фоиз, меваю сабзавот зиёда аз 40 фоиз, меваи хушк қариб 20 фоиз ва дигар маҳсулот — асал ва чормағз афзоиш ёфтаанд.
АМИТ «Ховар»: Механиконии соҳаи кишоварзӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Нигина Анварӣ: Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироат истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ ба истифодаи техникаю механизмҳо, технологияи муосир дар коркарди хок ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар ин замина дар баробари дигар бахшҳои кишоварзӣ механиконӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаву технологияи кишоварзӣ рушд ёфта, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра аз нав карда шуд. Дар ин давра шумораи техника ва мошинҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои гуногунтамға ба 25 924 адад, комбайнҳои ғалладаравӣ 1138 адад, ядакҳои тракторӣ 7163 адад, испорҳои тракторӣ ба 11 115 адад, нармкунакҳо (култиваторҳо) ба 2853 адад, тухмипошакҳои тракторӣ ба 19 197 адад, аз он тухмипошакҳои пахта ба 1481 адад, тойбанду тагрезчинҳо ба 1170 адад, достҳои тракторӣ ба 1853 адад, картошкашинонакҳо ба 251 адад, картошкаканакҳо ба 536 адад, мошинҳои пахтачинӣ ба 42 адад, алафҷамъкунакҳо ба 579 адад ва дигар механизмҳои кишоварзӣ ба зиёда аз 150 ҳазор адад расонида шуд. Ин нишондиҳандаҳо ба сари вақт таъмин намудани меъёрҳои агротехникӣ ва гирифтани се-чор ҳосил дар як сол мусоидат менамоянд.
Бо мақсади расонидани кумаки амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳангоми кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ба 85 адад расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991 75 адад зиёд мебошад. Аз шумораи марказҳои мавҷуда 60 адади онҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои харидани техника ва мошинҳои кишоварзии муосир ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ» таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва механизмҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 285,8 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба 4028 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2954 техника ва 8540 механизми кишоварзӣ дастрас гардид. Дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои мазкур дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 37 ҳазор техникаву механизмҳои кишоварзӣ ворид карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Татбиқи дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чӣ натиҷаҳо доданд?
Нигина Анварӣ: Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ густариш ёфта, навъҳои тухмӣ, зироати ба иқлим мутобиқ ва усулҳои нави парвариши муосири инноватсионӣ амалӣ гардидаанд. Ин раванд ба баланд гардидани ҳаҷми истеҳсол ва сифати маҳсулот мусоидат намудааст. Дар соҳаи зироаткорӣ зиёда аз 288 навъи зироати кишоварзӣ офарида, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва аз онҳо 183 навъ минтақабоб карда шуд.
Аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид, аз ҷумла технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти пуштагии зироат, кишти зериплёнкагии пахта бо усулҳои обёрии қатрагӣ ва муқаррарӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосили зироати кишоварзӣ дар як сол, истифодаи сидератсия барои нурии сабз, парвариши зироати равғандиҳанда дар кишти тирамоҳӣ, усулҳои интегратсионии ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, усулҳои такрористеҳсолкунии тухмиҳои элитаю репродуксионии зироати кишоварзӣ ва ғайра.
Татбиқи дастовардҳои илмӣ беҳтар гардида, соли 2025 навъҳои ватании пахта дар 100 ҳазор гектар ва навъҳои зироати ғалладонагӣ дар 2688 ҳазор гектар кишт шуданд, ки мутаносибан 42,3 ва 80 дарсади майдони кишти ин зироатро дар ҷумҳурӣ ташкил менамоянд. Кишти навъҳои зироати лӯбиёгӣ дар 15,3 ҳазор гектар ё 80 дарсад (бо назардошти кишти такрории мош), навъҳои зироати хӯроки чорво дар 55 ҳазор гектар ё 60 дарсад (бо назардошти кишти такрории ҷуворимакка ва ҷуворӣ), навъҳои зироати равғандиҳанда дар 26,1 ҳазор гектар ё 85 дарсад амалӣ гардидааст. Дар соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ олимони Академия 99 навъи серҳосил офаридаанд, ки 38-тои он минтақабоб гардид.
Олимони тоҷик дар асоси дастовардҳои илмӣ давоми солҳои 1991-2025 соҳиби зиёда аз 238 патенту нахустпатент ва 586 шаҳодатномаи муаллифию ихтироотӣ гардиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат муассисаҳои илмии Академия оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ зиёда аз 338 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 78 рисолаи докторӣ ва 260 рисолаи номзадӣ, инчунин зиёда аз 273 рисолаи магистрӣ дифоъ гардид. Аз ҷониби олимони Академия зиёда аз 10,2 ҳазор кори илмӣ, аз ҷумла 459 китобу монография, зиёда аз 1258 тавсияю дастур ва буклет ва 8,5 ҳазор мақолаи илмӣ ба чоп расидааст.
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои ҳарчи бештар баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва беҳтар намудани пойгоҳи илмӣ, яъне ташкили озмоишгоҳҳои илмию таълимии муосир, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир, таконбахшӣ ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, беҳтар гаштани дастрасӣ ба воситаҳои иртиботию иттилоотӣ, муосиркунонии китобхонаи электронӣ, гузоштани заминаҳои мусоид ба қавигардии алоқаи илм ба истеҳсолот пайваста кӯшиш менамояд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба олимони донишгоҳ муяссар гардид, ки ҳамасола аз рӯйи 10 то 15 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 лоиҳаи сарборӣ таҳқиқоти илмиро амалӣ гардонанд.
Дар баробари дастовардҳои соҳа имконоти истифоданашуда хело зиёданд. Истифодаи самараноки замину об ва иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар чор фасли сол ба роҳ монда шуда, дар баробари таъминоти бозори истеъмолии мамлакат он содирот гардад.
Аз ин лиҳоз, дар солҳои минбаъда оид ба рушди соҳа ва нигоҳ доштани устувории амнияти озуқавории мамлакат ба рушди инноватсионии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтани се-чор ҳосил, зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, рақамикунонии соҳа, тиҷорати электронӣ, бунёди марказҳои тақсимоти яклухт, яхдонҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот, самаранок истифода намудани заминҳои корам, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи деҳқонон, минтақабобсозии зироати кишоварзӣ, муҳофизати растанӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии сифати хок ва таҷрибаи пешқадами иттилоотии технологӣ ва вобаста ба тағйирёбии иқлим оид ба татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Барои рушди соҳа то ин давра кадом лоиҳаю санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва амалӣ гардиданд?
Нигина Анварӣ: Барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзӣ якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи «Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», Дар бораи «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030», Дар бораи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», Дар бораи «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», Дар бораи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030», Дар бораи «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ», Дар бораи «Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029». Инчунин дар ин давра «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», Дар бораи «Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.)» ва Дар бораи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Ҳоло бо ҷалби сармоягузории мустақими Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ ба 202,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расида, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 350 ҳазор хонаводаро дар бар мегирад. Дар ин замина лоиҳаҳои «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+», «Таъмини воситаҳои зиндагии устувор ва васеъ намудани ҳуқуқу имконияти занони деҳот» аз ҷониби Бонки Осиёии рушд, «Ҷалб намудани ҷавонон аз хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот» аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, лоиҳаи «K-Smart Farm» аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА), инчунин лоиҳаи «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» қабул гардида, то соли 2030 идома меёбанд.
Соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар давраи минбаъда низ барои расидан ба ҳадафи стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар самтҳои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути рақамикунонӣ, татбиқи усулҳои инноватсионии парвариши зироат ва чорво, баланд бардоштани ҳосилнокии зироаткорию чорводорӣ, инчунин ташаккули занҷираи арзиши иловашуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд






