Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд

Август 28, 2026 19:16

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими Русия доир шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигарон ҳузур доштанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва вазъи кунунии ҳаёти сиёсӣ, иҷтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва рушди кишвар маълумоти мухтасар дода, дар баробари он саҳми ҳамватанони бурунмарзиро ҳамчуни шарики рушди мамлакат назаррас номид.

Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо давраҳои мураккабро паси сар карда, ҳоло устуворона рушд намуда, ояндаи дурахшон дорад.

Сафир нақши ҳамватанонро барои таҳкими равобити стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, устувор гардидани пайвандҳои дӯстию ҳамгироиро дар ҳамаи соҳаҳо муҳим донист.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ масъулияти роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ, аҳли зиё ва ходимони илму фарҳанг барои бештар муаррифӣ намудани симои миллати фарҳангофари тоҷик тариқи баргузории чорабиниҳои гуногун, ки барои шинохти ҳуввияти миллӣ ва баланд бардоштани руҳияи хештаншиносӣ мусоидат менамояд, боло рафтааст.

Дар вохӯрӣ тақвият додани равобит ва ҳамкорӣ байни роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба созмонҳои экстремистӣ, инчунин риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид карда шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ посух гирифтанд.

Дар анҷом ба муносибати 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамватаноне, ки дар таҳкими дипломатияи мардумӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳаёти тарзи солим саҳм мегузоранд, бо сипосномаҳои Сафорат қадрдонӣ гардиданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 28, 2026 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд