Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд

Август 28, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (DFC) оид ба сиёсати хориҷӣ Бетани Акилина Брез мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ дурнамои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки барои тарафҳо судманд баррасӣ гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маъданҳои муҳим, энергетика, инфрасохтор ва авиатсия, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушд ҳавасмандии худро ба густариши фаъолият дар Тоҷикистон, омӯзиши лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва анҷом додани сафар ба мамлакат  барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Август 28, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд