Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд

Август 6, 2026 08:35

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон Шайх Файсал ибни Абдуллоҳ Ар-Равос баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умонро дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории  иқтисодӣ метавонад ба густариши муносибатҳои дӯстона ва шарикии дарозмуддат байни ду мамлакат мусоидат намояд.

Зимни музокирот масъалаҳои афзоиши гардиши савдои мутақобил, ҷалби сармояи Умон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии имконоти сармоягузории мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони ҳарду ҷониб муҳокима шуданд. Ҳамчунин аҳамияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ, ташкили вохӯриҳои корӣ ва табодули таҷриба байни намояндагони бахши хусусии ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зарурати фаъол намудани робитаҳо байни палатаҳои савдо ва саноат, баргузор намудани форумҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳои соҳибкорӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти миллии тарафайнро ҳамчун воситаҳои муҳими муаррифии имконияти иқтисодӣ, густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина омодагӣ барои ба роҳ мондани сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорӣ, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодии баргузоршаванда дар ҳар ду кишвар ва тақвияти робитаҳои мустақим байни ширкатҳо иброз гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ба аҳамияти таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика, энергетика ва коркарди маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобили судманд, истифодаи самараноки иқтидори иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбутаи ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

 

Август 6, 2026 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд