Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар шаҳри Вашингтон Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ (NESA) баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, Завқӣ Завқизода таҷрибаи нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро оид ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ ба доираи васеи иштирокдорон муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон таъмин гардидааст. Дар натиҷаи ин сиёсати созанда кишвари мо давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба пешравиҳои назаррас ва рушди устувор дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил шуд.
Ҳамчунин дар форум нақши пешсафӣ ва калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба сулҳ, амният ва рӯзномаи глобалии обу иқлим баланд арзёбӣ гардид. Бахусус аҳамияти қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Тоҷикистон 25 июни соли 2026 қабул гардида буд, таъкид ёфт. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли чолишҳои обии ҷаҳонӣ ва ҳифзи пиряхҳо устувор будани худро бори дигар собит намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






