Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» Бҳаратан Пасупатӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо зимни изҳори қаноатмандӣ аз барқарор гардидани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Кувайт иброз карданд, ки пули ҳавоии мазкур, ки Тоҷикистон ва Кувайтро ба ҳам мепайвандад, дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин замина ба имконоти фаровони гардишгарии Тоҷикистон ба сифати омили муҳим барои афзудани парвозҳо дар ин масир ишора карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






