«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав таҳти унвони «Самараи Истиқлол» озмуни эҷодӣ эълон мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тарғиби дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоси воқеии ҳаёти даврони соҳибистиқлолӣ, созандагӣ, ободкорӣ, муаррифии соҳибкорони ободкори диёр, ташвиқи таҷрибаи пешқадами кишоварзон, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо дар заминаи ҳадафи саноатикунонии миллӣ, фаъолияти соҳаи маориф ва тарбияи насли замони истиқлол, рушди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии озмун мебошанд.
Озмун аз рӯйи чор номинатсия — беҳтарин маводи матбуотӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва беҳтарин мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.
Маводи чопӣ дар шакли асл ва нусхабардорӣ аз маводи ба табърасида пешниҳод карда мешавад. Ба озмун маводи дилхоҳ жанри журналистӣ, ки дар давраи аз 1 январи соли 2026 то 31 августи соли 2026 дар матбуот ба табъ расидаанд ё аз тариқи телевизиону радио намоиш ва пахш гардида, дар сомонаҳои интернетӣ гузошта шудаанд, қабул карда мешаванд. Муҳлати охирини қабули маводи довталабон то 5 сентябри соли 2026 муқаррар гардидааст.
Ғолибон бо Диплом ва ҷоизаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






