Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Август 28, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 28.08. 2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо дар ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳо барои шуғл дар Тоҷикистон» масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳо оид ба такмили равандҳои буҷетӣ, таҳкими идоракунии молиявӣ, банақшагирии стратегӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муҳокима гардиданд.

Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар шароити муосир самаранокии идоракунии молиявӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди босуботи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи усулҳои муосири банақшагирӣ, буҷетсозӣ ва назорати иҷрои нишондиҳандаҳо аҳаммияти хос дорад. Намояндагони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба натиҷаҳои ҳамкории анҷомдода ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъда маълумот пешниҳод намуданд.

Ба масъалаи такмили раванди буҷетӣ ва татбиқи буҷетикунонии барномавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки татбиқи самараноки чунин равиш ба баланд бардоштани шаффофият ва мақсаднокии банақшагирии молиявӣ мусоидат карда, имконият фароҳам меорад, ки истифодаи маблағҳои буҷетӣ бо нишондиҳандаҳои мушаххаси фаъолияти муассисаҳо бештар пайванд дода шавад.

Зимни баррасии масъалаи дастгирии раванди банақшагирии стратегӣ гуфта шуд, ки банақшагирии дуруст метавонад барои муайян намудани афзалияти соҳа, тақсимоти самараноки захираҳо ва пешбинӣ намудани натиҷаҳои мушаххаси фаъолияти муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар мулоқот инчунин имконияти истифодаи платформаҳои рақамӣ, аз ҷумла MOODLE барои рушди шаклҳои муосири омӯзиш баррасӣ карда шуд. Зеро дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ чунин имконот метавонанд омӯзишро дастрас, пайваста ва устувор гардонанд ва барои кормандон шароити такмили донишро бе маҳдудияти ҷуғрофӣ фароҳам созанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд