Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд

Август 19, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия байни хизматчиёни ҳарбӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Дар он 5 дастпарвари Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа намояндагони беш аз 20 давлат иштирок намуда, дар вазнҳои гуногун барои ҷойҳои ифтихорӣ рақобат карданд.

Варзишгари тоҷик, барандаи чандин медали мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаи самбо Субҳиддин Халилзода дар вазни то 79 килограмм баромад намуда, бо пирӯзӣ бар се рақиб сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ҳамзамон Махсум Муҳаббатов дар вазни то 58 килограмм рақобат намуда, соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ шуд.

Ба даст овардани ин натиҷаҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарони Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастоварди арзанда ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол дар риштаи самбо дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 13 медал ворид намуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд