Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба иттилоъ паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Неруи тоза ва хастанопазири сохтмончиёну муҳандисон, садои баланди техникаву механизмҳои пуриқтидори муосир дар сарбанди неругоҳ шаҳодати он аст, ки дар ин корзори бесобиқа раванди корҳои сохтмонӣ лаҳзае қатъ намегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кубидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидааст.
Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонида шавад.
Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад.
Неругоҳи Роғун, ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои экологӣ, техникӣ ва бехатарист, ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, имшабу рӯзҳо ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони кишвар дар ин майдони корзор меҳнат мекунанд ва бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати муайян ба истифода додани ин иншооти гидроэнергетикӣ заҳмат мекашанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба суйи сарбанди неругоҳи Роғун шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳи Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар гардидааст.
Зимни суҳбат бо кормандони муҳандисию техникии неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонии сарбанд сифати кор ва риояи ҳатмии стандартҳои байналмилалӣ дар мадди аввал гузошта шавад, зеро рисолати ватандӯстона ва бунёдкоронае, ки имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва иродаи шикастнопазир анҷом дода мешавад, барои садсолаҳо ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид аз Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ






