Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.
Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷоми корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба куллӣ дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гӯшаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ва наврасон табдил ёфтааст.
Майдони варзишӣ дар масоҳати 6 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шуда, барои баргузории намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол ва баскетбол, шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Дар иншоот ду майдони болопӯшидаи муосири варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон ҷойгир буда, онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Майдонҳо бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, тамрини дастаҳои варзишӣ ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ имконияти хуб фароҳам меоранд.
Майдончаи бозии кӯдакон низ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои бозиҳои шавқовару судманд ва фароғати кӯдакон муҳити мусоид фароҳам овардааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара то имрӯз 23 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла толорҳои машқу тамрин, майдончаҳои муосири варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба ташаббуси соҳибкор ва корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ барои наврасону ҷавонон яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷисмонии насли наврас, рушди истеъдодҳои варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадҷон Сафарзода наздик ба 3 километр роҳҳои атрофи иншоот ва кӯчаҳои ҳамшафати он мумфарш карда шудааст.
Ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шуда, чароғонкунии он дар вақти шаб ба муҳити атроф ҳусни тоза бахшидааст.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






