Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд.
Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст.
Бартарии дигари корхонаи истеҳсолӣ дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад.
Ҳамчунин, барои таъмини раванди истеҳсолӣ ангишт аз конҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, корхона бо техникаву технология, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ таъмин гардида, дар раванди фаъолияти он талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии муҳити зист ба инобат гирифта мешавад.
Корхона, лоиҳа ҳамчунин барои рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дар давраи сохтмони он беш аз 1000 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд. Пас аз ба истифода додани корхона барои зиёда аз 700 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар буда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мусоидат менамояд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сохтмони ин корхона бозгӯи идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат мебошад.
Бояд гуфт, ки баробари ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, мавқеи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ боз ҳам тақвият ёфта, истеҳсоли сементи ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамин тавр сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғози татбиқи як лоиҳаи муҳимми саноатӣ буда, дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави меҳнатӣ барои аҳолӣ равона гардидааст.
Дар доираи сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Левакант 60 иншооти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла, 13 муассисаи таълимӣ бо 9060 ҷойи нишаст. Инчунин ба таври фосилавӣ 4 муассисаи томактабӣ барои 1120 кӯдак ва 1 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои 96 кӯдак ифтитоҳ гардид.
Аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланд 12 корхонаи саноатӣ бо 411 ҷойи корӣ бунёд шуда, 110 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ асфалтпуш карда шуд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи саноатии семент бо 700 ҷойи корӣ, ки бояд пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намояд, санги асос гузоштанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи 3 иншооти дигар муаррифӣ карда шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд хоҳанд шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






