Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд

Август 28, 2026 19:21

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ба истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимии мазкур давоми як сол ҷараён гирифта, инак барои солҳои таҳсили 2026-2027 омода гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин боргоҳи илму маърифат, ки дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и қаблӣ бунёд карда шудааст, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ин муассисаи таълимӣ бо шароиту имкониятҳои васеи таълиму тарбия ва технологияи муосир таъмин гардида, дорои 58 синфхонаи барҳавои таълимию фаннӣ, 16 ҳуҷраи кории омӯзгорон, китобхона бо 90 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 24 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 350 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 70 ҷойи нишаст, толори тенниси руйи миз, майдончаи варзишии тобистона, ошхона бо 210 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мебошад.

Дар китобхонаи муассиса 14 ҳазору 200 китоб мавҷуд аст, ки аз ин нишондиҳанда 4 ҳазору 500-тои онро асарҳои бадеии адибони классику муосир ташкил медиҳад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шумораи омӯзгорони муассиса ба 90 нафар расид.

Барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун дар муассиса синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамояд, ки бо шароити муосир таъмин гардидааст. Ин тадбир ба наврасон имкон медиҳад, ки дар баробари омӯзиши илму дониш ҳамчунин ҳунар ва касбҳои гуногунро аз худ намоянд.

Дар муассисаи мазкур ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ тақвият дода мешаванд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар доираи амалишавии “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” амалӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат баланд бардоштани сифати таҳсил ва дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдакону наврасонро рисолати касбии омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва васеъ гардидани шароити хуби таълиму тарбия, пеш аз ҳама, бояд низоми таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, ба омӯзиши донишҳои муосир, фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 20 муассисаи нави таълимӣ бо 19 ҳазору 564 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Август 28, 2026 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд