Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи «ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологӣ»-и шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.
Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи «Хишти диёр» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






