Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад

Август 23, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолӣ таъмини сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин ҳадаф бо рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон робитаи мустақим дорад. Дар ташаккул ва татбиқи ин самти сиёсати давлатӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим мебошад.

— Давоми солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ва афзоиши даромадҳои шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифтанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баён намуданд, «аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт».

Ин далели он мебошад, ки масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ду сол ( ё ҳар сол) музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин нафақаҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва стипендияҳо тадриҷан баланд мегарданд.

Яке аз воситаҳои муҳими татбиқи сиёсати мазкур такмили низоми музди меҳнат ва мунтазам баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ мебошад. Зеро музди меҳнат ҳамчун манбаи асосии даромади қисми зиёди аҳолӣ на танҳо ба вазъи иҷтимоии оила, балки ба қобилияти истеъмолӣ ва сифати зиндагии шаҳрвандон таъсири бевосита мерасонад.
Дар баробари ин, арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ танҳо аз рӯи ҳаҷми номиналии даромадҳо кофӣ нест. Барои муайян намудани имконияти воқеии истеъмолии аҳолӣ зарур аст, ки даромадҳо бо арзиши молу хизматрасониҳои барои зиндагӣ зарурӣ муқоиса карда шаванд. Аз ин лиҳоз, сабади истеъмолӣ ва ҳадди ақалли зиндагӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.

Дар ин замина, таҳлили сиёсати давлатӣ дар самти танзими музди меҳнат ва муайян кардани арзиши зиндагӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди он объективона арзёбӣ карда шаванд. Ташаккули низоми самаранок ва одилонаи пардохти ҳаққи кор яке аз вазифаҳои меҳварии давлат ба шумор меравад. Зеро ин нишондиҳанда барои қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат манбаи асосии таъмини рӯзгор маҳсуб шуда, ба сатҳи истеъмол, вазъи моддии оила ва сифати зиндагии шаҳрвандон таъсири бевосита мерасонад.

Бо мақсади заминасозии ин раванд ва такмили низоми мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022 «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид.

Дар ҳуҷҷати мазкур зарурати муайян намудани сатҳи воқеии маош ва тақвият бахшидани вазифаҳои ҳавасмандкунанда, танзимкунанда ва иҷтимоии он дар шароити иқтисоди бозорӣ комилан асоснок карда шудааст. Аз ҷумла, тақвият бахшидани масъалаҳои феҳристи касбҳо, таҳия ва амалӣ намудани стандартҳои салоҳиятҳо пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин самт минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таҳлилҳо муайян менамояд, ки агар музди миёнаи моҳона соли 2000 дар марҳалаи аввали баъди ҷорӣ шудани асъори миллӣ (сомонӣ) ҳамагӣ 15,5 сомониро ташкил менамуд, соли 2010 то 354,4 сомонӣ ё нисбат ба соли 2000-ум 22,8 маротиба зиёд гардидааст.

Инчунин нишондиҳандаи мазкур дар соли 2020 1400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 3,95 маротиба зиёд мебошад.

Дар соли 2025 музди миёнаи моҳона 2900 сомониро ташкил дод, ки зиёдшавии он нисбат ба соли 2020 2,07 маротиба аст.
Динамикаи нишондиҳандаҳои воқеии соҳа низ тамоюли афзоиши устуворро нишон медиҳад.

Тибқи омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июни соли равон музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 3194,45 сомониро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба соли 2025 19,8% (ё 528,50 сомонӣ) афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, маоши миёнаи якмоҳаи коргарони кироя дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июни соли 2026: дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 2704,86 сомонӣ, дар вилояти Суғд — 3071,87 сомонӣ, дар вилояти Хатлон — 2694,58 сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2815,3 сомониро ташкил намудааст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ», сабади истеъмолӣ маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳоеро ташкил медиҳад, ки барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётии инсон заруранд. Ҳадди ақалли зиндагӣ нишондиҳандаи арзишиест, ки аз қимати сабади мазкур ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ иборат мебошад. Мутобиқи қонунгузорӣ, ин сохтор аз се гурӯҳи асосӣ иборат аст: маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо. Ҳангоми муайян кардани таркиби он меъёрҳои истеъмолии маҳсулоти асосии ғизоӣ, эҳтиёҷот ба либосворӣ, молҳои мавриди ниёзи аввал, инчунин хизматрасониҳои муҳими коммуналӣ, нақлиётӣ ва маишӣ ба назар гирифта мешаванд.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муайян намудани афзалияти стратегии мамлакат, таваҷҷуҳи хосса ба некӯаҳволии аҳолӣ ва амалисозии тадбирҳои пайвастаи давлатӣ бағоят муҳим аст. Моҳияти ин сиёсати хирадмандона аз он иборат мебошад, ки пешрафти иқтисодӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар кардани шароити рӯзгори мардум ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат намояд.

Бинобар ин, дар марҳалаи нави рушд зарур аст, ки сиёсати пардохти ҳаққи кор бештар ба баланд бардоштани даромадҳои воқеӣ, коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста нигаронида шавад. Ҳамзамон механизми ҳисобкунии сабади истеъмолӣ бояд бо назардошти тағйирёбии сохтори талабот, сатҳи кунунии нархҳо ва ниёзҳои воқеии ҷомеа мунтазам мутобиқ ва такмил дода шавад.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки сиёсати иҷтимоии мамлакат тадриҷан аз тадбирҳои кӯтоҳмуддати дастгирии моддӣ ба стратегияи фарогири баланд бардоштани некӯаҳволӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мубаддал гаштааст. Дар ин низом музди меҳнат ва сабади истеъмолӣ на танҳо нишондиҳандаҳои сирф иқтисодӣ, балки меъёрҳои калидии арзёбии самаранокии сиёсати давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
сардори шуъбаи меъёрбандии музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

Август 23, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон